Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухлисони рус меҳмонхонаро ба оташ кашиданд


Имрӯз бозиҳои чорякфиналии Ҷоми Аврупо оид бо футбол бо сабқати миёни тимҳои Португалия ва Олмон шурӯъ мешавад. Дирӯз дастаи Русия аз болои тими Шветсия бо ҳисоби ду бар сифр пирӯз шуд ва охирин роҳхат ба чаҳорякфиналро соҳибӣ кард.

Шаҳрвандони Русия дар шаҳраки фароғатии Кемери Туркия ин ғалабаи тими кишварашонро бо нӯшидани миқдори зиёди арақ ҷашн гирифта, сипас меҳмонхонаи панҷситорагиро ба оташ кашиданд. Онҳо дар ҳоли мастӣ хомӯш кардани сигорҳоро аз ёд баровардаанд. Дар ин ҳодиса панҷоҳ нафар, аз ҷумла, як тифли панҷсола осеб диданд.

XS
SM
MD
LG