Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Б. Раҷабалиев: «Имкони ба даст овардани медалҳои олимпӣ ҳаст»


Маҷаллаи навбатии «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ оғоз шудааст.
Бузургтарин мусобиқоти варзишии ин ҳафта – даври ниҳоии Ҷоми футболи Аврупо-2008 - дар Австрия ва Швейтсария идома меёбад. Коршиносону мутахассисони футболи тоҷик низ ба мусобиқоти қаҳрамонии Аврупо таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Бархе аз онҳо, ки бозиҳои Ҷоми Аврупо-2008-ро тавассути телевизион тамошо мекунанд, ба суоли мо «Ба андешаи шумо кадом дастаҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд ва кадом даста қаҳрамони Аврупо мешавад?» посух доданд.
Зоир Бобоев, мураббии маъруфи футболи тоҷик: «Фикр мекунам, ки Португалия ва Ҳуланд ба финал мебароянд. Португалия барои аввалин бор қаҳрамони Аврупо хоҳад шуд».
Сулаймон Бобокалонов, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе: «Ба назари ман Ҳуланд ва Хорватия дар бозии ниҳоӣ ширкат хоҳанд кард. Ҳуланд барои дувумин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст хоҳад ёфт».
Раҳмон Муртазоев, довари футбол: «Ба андешаи ман Италия ва Португалия барои ҷои аввал бозӣ хоҳанд кард. Италия барои дувумин бор барандаи Ҷоми Аврупо хоҳад шуд».
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа: «Мувофиқи пешгӯии ман Ҳуланд ва Хорватия барои унвони қаҳрамонӣ талош мекунанд. Ҳуланд ба ин унвони баланд даст хоҳад ёфт.»
Аз 22-вум то 26-уми июн дар Малайзиё бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «А» барои дарёфти Ҷоми раиси АFС – Конфедеросиюни футболи Осиё – баргузор мешавад.
Дар ин гурӯҳ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, бо тимҳои «Покистон Вапда»-и Покистон, «Абаҳани Лимитед»-и Бангладеш ва «Непал полис Клаб»-и Непал барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми раиси AFC талош хоҳад кард.
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, мегӯяд, мо дар гурӯҳи худ ғолиб шуда, ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирем.
Дар ҳамин ҳол мусобиқот дар ду гурӯҳи дигар хотима ёфтааст. Дастаи «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон дар гурӯҳи «В» ва тими «Ишқобод»-и Туркманистон дар гурӯҳи «С» ҷойҳои аввалро касб карда, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Инчунин ғолиби гурӯҳи «А» ва беҳтарин даста байни тимҳои дар ҳарсе гурӯҳ дар ҷойҳои дуввум қарор гирифта ба марҳалаи ниҳоии мусобиқот роҳхат мегиранд. Сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC бо ширкати 4 даста аз 19-ум то 21-уми сентябри соли 2008 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир мегардад.
Варзишгарони Тоҷикистон ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008, ки аз 8-ум то 24-уми август дар Ҷумҳурии мардумии Чин доир мегардад, ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамин ҳол 13 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Ӯ афзуд: «Варзишгарони мо, ки 16 сол инҷониб дар орзуи ба даст овардани медалҳои олимпӣ мебошанд, дар Олимпиадаи Пекин имкон доранд, дар риштаҳои гуштии озод, дзюдо ва бокс ба дарёфти медалҳои олимпӣ мушарраф шаванд.»
Асптозӣ яке аз навъҳои маъмули варзиш ба шумор меравад ва он ба барномаи бозиҳои олимпӣ шомил аст. Дар ин мавзӯъ суҳбате дорем боАрбобмирзо Шамсиев, узви кумитаи иҷроияи Федеросиюни асптозӣ ва човандозии Тоҷикистон, мудири кафедраи зотпарварӣ ва генетикаи чорвои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.
Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG