Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозот барои ҷиноёти пешин дар Сербистон


Додгоҳи Олии Сербистон Радомир Маркович, собиқ раҳбари Хадамоти амниятии раисиҷумҳури Югославия Слободан Милошевичро барои 40 сол маҳкум ба зиндон кард. Маркович дар ташкили сӯиқасд ба ҷони Вука Драшкович, яке аз мухолифини раисиҷумҳур муттаҳам гардид. Дар ин ҳодиса, ки соли 1999 рух дода буд, 4 кас ба ҳалокат расиданд ва аммо ба худи Вука Драшкович осебе нарасида буд.

Додгоҳ ҳамчунин собиқ фармондеҳи полиси низомӣ Милорад Улемек ва ду зердасти ӯро дар ташкили куштори сиёсатмадорони ғарбгарои серб – сарвазир Зоран Ҷинҷич ва раисиҷумҳури собиқ Иван Стамболич дар соли 2003 айбдор ва барои 40 сол равонаи зиндон кард. Аз рӯи ин парванда боз ҳафт нафар ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуданд.

XS
SM
MD
LG