Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи музокироти Вошингтон ва Бағдод


Вошингтон ва Бағдод музокирот оид ба имзои созиши нави амниятиро идома медиҳанд. Ин санад бояд мақоми ҳуқуқии нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ баъд аз хатми мандати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро мушаххас кунад. Том Кейсӣ, намояндаи вазорати хориҷаи ИМА дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон овозаҳо дар бораи талошҳои Амрико барои маҳдудсозии истиқлоли Ироқро рад кард. Ӯ гуфт, ки "мо талоши ташкили пойгоҳҳои доимӣ дар Ироқро надорем. Мо ҳамчунин талоши назорати ҳарими ҳавоии Ироқ ва дигар аҳдофи ба ин монандро низ надорем. Гап фақат сари пояҳои ҳуқуқӣ барои нерӯҳои мо дар Ироқ меравад, ки бояд вазифаи гузоштаро иҷро кунанд".

Қаблан Нурӣ Ал-Моликӣ дар робита ба ин музокирот изҳор дошт, ки "талабҳои Вошингтон истиқлоли Ироқро поймол мекунанд".

XS
SM
MD
LG