Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷорҷ Крол ба Бишкек


Ҷорҷ Крол, ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Марказӣ, рӯзи панҷшанбе бо сафари чоррӯза вориди Қирғизистон шуд.

Турат Маҳкамбоев, сухангӯи сафорати Амрико дар Бишкек, перомуни ин сафари Ҷорҷ Крол ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ ин сафари нахустини ҷаноби Крол ба ҳайси ноиби ёвари вазири хориҷаи ИМА ба Осиёи Марказӣ аст, ки вай анҷом медиҳад.

Турат Маҳкамбоев тазаккур дод, ки чанд дидору мулоқоти ноиби ёвари котиби давлатии ИМА бо мақомоти Бишкек дар ҷараёни ин сафари ӯ барномарезӣ шудааст. Вай афзуд, ки дар ин мулоқотҳо Ҷорҷ Крол бо мақомоти расмии ин кишвар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни ду кишвар, амнияти минтақавӣ, устувории қонун ва таҳкими равобити иқтисодии ИМА ва Қирғизистонро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор хоҳад дод.

Интизор меравад, ки дар ҷараёни сафараш Ҷорҷ Крол дар як конфронси вижа таҳти унвони «Роҳандозии бизнес бо ИМА» ширкат хоҳад намуд. Гуфта мешавад, дар конфаронси мазбур ин мақоми амрикоӣ роҷеъ ба тавсеъаи ҳамкориҳо миёни тоҷирони кишвараш ва бизнесменҳои қирғиз пешниҳодҳои худро ироа медорад. Дар ин сафар бо Ҷорҷ Крол намояндаи фармондеҳи олии ИМ генерал Дейвид Петреус ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи коршиносони масоили сиёсии қирғиз, ИМА бо мақомоти Бишкек ҷиҳати тавсеъаи пойгоҳи низомии худ дар майдони ҳавоии Манас вориди гуфтугӯ шудааст. Ин манобеъ меафзоянд, ки Амрико хостааст, ба хотири тавсеъаи пойгоҳаш дар «Манас» боз соҳиби 300 гектар замин шавад.

Коршиноси масоили сиёсӣ Нур Умаров ба нашрияи электронии «Тазар»-и Бишкек гуфтааст, ки Амрико ва Қирғизистон дар ин маврид дар мулоқотҳои қаблии худ ба тавофуқ расидаанд, вале ин иқдоми мақомоти кишвараш рушди ҳамкориҳои стротегии Қирғизистон бо Чин ва Русияро зери суол қарор хоҳад дод.

Тухтагул Какчикеев, коршиноси дигари қирғиз, бар ин назар аст, ки тавсеъаи пойгоҳи низомӣ дар паҳлӯи майдони ҳавоӣ хилофи Конвенсия дар бораи ҳавопаймои мулкӣ мебошад. Аммо коршинос Марс Сариев тавсеъаи пойгоҳи низомии амрикоӣ дар «Манас»-ро аксуламали ИМА дар муқобили таҳкими ҳузури низомиёни Русия дар пойгоҳи Канти ин кишвар арзёбӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG