Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсири адабиёти форсӣ ба назми қирғизӣ


Рӯи ҷилди китобе, ки соли гузашта дар Қазоқистон нашр шудааст

Рӯи ҷилди китобе, ки соли гузашта дар Қазоқистон нашр шудааст

Суханварону адабиётшиносон таъсири адабиёти форсиро ба адабиёти ақвоми дигар борҳо таъкид кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, Абдураҳмони Ҷомӣ дар тарбияи сардафтари адабиёти классики узбак Алишери Навоӣ нақши муассир бозидааст ва ба ӯ ҳаққи устодӣ низ дорад.

Ба гуфтаи суханварон, Валадуддавла, писари Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, то мақоми сардафтари адабиёти турк расидааст. Гузашта аз ин, дар мамолики туркзабон ба осори Фирдавсиву Сино, Саъдиву Ҳофиз, Хайёму Бедил, Камолу Зебуннисо ва ҳамчунин адибони муосири тоҷик, аз зумраи Турсунзодаву Миршакар, Лоиқу Гулрухсор ва Бозор Собиру Гулназар, таваҷҷуҳи хоссе зоҳир мекунанд ва осори ин адибонро бо шавқу завқи том меомӯзанд.
Майрамхон Абулқосимова, шоираи мардумии қирғиз, мегӯяд, ки осори адибони классик ва муосири форсу тоҷик манбаъи илҳоми ӯянд. Ба гуфтаи ӯ, шеър гуфтанро вай аз Ҳофизу Хайём ва Турсунзода омӯхтааст, ки боъиси ифтихораш низ ҳаст. М. Абулқосимова афзуд, ҳанӯз замони шӯравии собиқ, вақте ки вай яке аз ҷоизаҳои давлатиро ба даст оварда буд, нахустин бор шоири тоҷик Мирзо Турсунзода вайро ба ин мукофот табрик кард ва ба дунболи ин дар яке аз маҷаллаҳои маъруфи он давра ашъори ӯро хеле дақиқ таҳлил намуд.
Дар ҳамин ҳол, Майрамхон Абулқосимова бо таассуф зикр намуд, ки равобити фарҳангии миёни тоҷикону қирғизҳо дар ин авохир хеле коҳиш дидааст, аксарияти шоирони ҷавони ин ду кишвар ҳамдигарро намешиносанд ва аз осори якдигар низ ба хубӣ огаҳ нестанд.
Шоираи қирғиз ишора кард, ки бо шоираи тоҷик Гулрухсор равобити дӯстона дорад ва ашъори ӯро ба забони қирғизӣ тарҷума кардааст.
Соронбой Ҷусуев, адиби мардумии Қирғизистон, нақши рубоиёти Хайёми нишопуриро дар осораш хеле муассир арзёбӣ кард. Дар ҷараёни тарҷума аз рубоиҳои Хайём ӯ ғизои маънавӣ бардоштааст, ки бешакк, дар офаридани шеър барояш сарчашмаи илҳом гаштаанд. Воқиъан, ин адиб рубоиёти зиёди Хайёмро барои хонандагони қирғиз муаррифӣ намудааст.
Абдилдоҷон Аҳмадалиев, мудири маркази миллии «Манас»-шиносӣ ва фарҳангшиносии Қирғизистон, изҳор кард, ки аз Рӯдакӣ то кулли шоирони классикии форсу тоҷик ба адабиёти мардуми туркнажод таъсири мусбат расидааст. Абдилдоҷон Аҳмадалиев мегӯяд, ки перомуни таъсири адабиёти форсӣ ба қирғизӣ мебояд корҳои пажӯҳишӣ анҷом дод, ҳарчанд, мутаассифона, дар кишвараш дар ин маврид иқдоме сурат нагирифтааст.
Ба таъкиди оқои Аҳмадалиев, дар ҳамин ҳол, тарҷумаи ашъори адибони гузаштаву ҳозираи тоҷик ба забони қирғизӣ қобили тавсиф мебошад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз чунин корҳои бузургро феълан шоираи мардумии қирғиз Бахтигул Чотурова бар дӯш дорад ва ин шоира намунаи осори сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро низ тарҷума ва ба нашр омода кардааст, ки ба ифтихори 1150-солагии вай бахшида хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG