Пайвандҳои дастрасӣ

Теҳрон омодаи музокирот бо "шашгона" аст


Теҳрон барои музокирот оид ба бастаи пешниҳодҳои нави шаш кишвари олам изҳори омодагӣ кард. Ҳамзамон Манучеҳр Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар шаҳри Кампала, пойтахти Уганда изҳор кард, ки “шашгона” бояд пешниҳодҳои ҷавобии Теҳронро низ дақиқ биомӯзад.

“Шашгона” - панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон ба Эрон дар ивази қатъи ғанисозии ураниум ҳамкории наздиктар дар бахшҳои иқтисодӣ ва амниятиро пешниҳод намуд. Ин бастаро рӯзи шанбе Ҳавиер Солана, раҳбари сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ба мақомоти Эрон ироа карда буд. Ва аммо Теҳрон иброз дошт, ки дар бораи қатъи барномаи ҳастаии кишвар аслан сӯҳбат нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG