Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи набардҳои шадид дар Арғандоб


Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки толибонро аз рустоҳои дараи Арғандоби канори Қандаҳор берун кардаанд. Дар ин дара амалиёти муштараки артиши Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи толибон, ки охири ҳафтаи гузашта чанд деҳаро ишғол карда буданд, идома дорад. Асадулло Холид, волии Қандаҳор гуфт, ки бар асари амалиёт даҳҳо ошубгарон кушта ва маҷрӯҳ шудаанд. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар набардҳои Арғандоб ду сарбози афғон ва тақрибан 35 толиб ба ҳалокат расидаанд. Иттилоъи берунсозии Толибон аз рустоҳои ишғолӣ ҳанӯз аз сӯи ҳайати фармондеҳии НАТО тайид нашудааст.

Охири ҳафтаи гузашта баъди ҳамлаи толибон садҳо маҳбусон зиндони Қандаҳорро тарк карданд. Гуфта мешавад, ки бештари фирориён ба сафи дастаҳои толибон пайваста баъдан ҳамроҳ бо онҳо чанд деҳаи дараи Арғандобро забт карданд.

XS
SM
MD
LG