Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"СММ бояд дар додгоҳ ҳозир шавад"


Вакилони мудофеи хешовандони ҳазорҳо мусалмонҳое, ки дар деҳаи Сребренитса ба қатл расиданд, дирӯз дар як додгоҳи Ҳолланд аз беамалии артиши ин кишвар дар рӯйдодҳои соли 1995, ки чун қатли оми мардони мусулмон ёд мешавад, шикоят бурданд. Ин минтақа аз ҷониби нирӯҳои посдори сулҳи Ҳолланд таҳти сарпарастии СММ ҳимоят мешуд. Ҳукумати Ҳолланд дирӯз гуфт, ки СММ дорои ҳақи масуният дар баробари додгоҳҳои маҳаллӣ мебошад. Аммо ба ин изҳорот яке аз наздикони қурбониёни Сребренитса Алекс Ҳагедорн гуфт, ки СММ дар баробари қазияҳои мисли наслкушӣ наметавонад дорои масуният бошад. Вай афзуд:

"Мо мунмаин ҳастем, ки дар сурати пеш омадани қазияи наслкушӣ, масуният бояд бардошта шавад ва ҳукумати Ҳолланд ва СММ бояд ҳамроҳ дар додгоҳ ҳозир шаванд".

Соли 1995 ҳудудан 8000 марди мусалмон дар Босния аз ҷониби артиши сербҳои босниягӣ ба қатл расиданд.

XS
SM
MD
LG