Пайвандҳои дастрасӣ

Косово сафоратҳои хориҷӣ боз мекунад


Фатмир Сейду, раиси ҷумҳурии Косово қарори таъсиси намояндагиҳои нахустини дипломатии худро дар қаламрави Аврупо имзо кард. Дар изҳороти дафтари Сейду гуфта мешавад, ки намояндагиҳои Косово дар ИМА, Албания, Австрия, Белгия, Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё ва Швейсария ифтитоҳ хоҳад шуд. Ҳанӯз таърихи таъсиси ин намояндагиҳо мушаххас нест. Косово, ки аз соли 1999 то имрӯз дар маъмурияти СММ будааст, моҳи феврал истиқлолияти худро аз Сербистон эълон кард ва рӯзи якшанбе Қонуни асосии он ба ҳукми иҷро даромад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG