Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташбаи Ҳамосу Исроил ба ҳукми иҷро даромад


Имрӯз шурӯи мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави Ҳамос мебошад. Тавофуқе, ки бо миёнҷигарии Миср ҳосил шудааст, хатми ҳамлаҳои мушакӣ аз самти Ғазза ба хоки Исроил ва анҷоми ҳама гуна рейдҳои низомиро аз ҷониби артиши Исроил дар назар мегирад. Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт пешгӯӣ кардааст, ки ин созиш тӯл нахоҳад кашид ва артиш ҳамеша омода аст, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои мушакии фаластиниҳо посухи муносиб диҳад. Исмоил Ҳания, раҳбари Ҳамос, ки конроли Ғаззаро дар даст дорад, итминони хотир дод, ки гурӯҳҳои фаластинӣ ба ваъда вафо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG