Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти низомӣ алайҳи толибони мусаллаҳ, ки баъди фирор аз маҳбаси Қандаҳор, чанд деҳаи вулусволии Арғандобро ишғол карданд.

Гуфта мешавад, ки як теъдод аз ин фирориён ба сафи ишғолгарони рустоҳои Арғандоб пайвастаанд. Дар амалиёти Арғандоб аз чархболҳои Апачӣ ва ҳавопаймоҳои низомӣ ва ҳамчунин тӯпхона ва зиреҳпӯшҳо истифода мешавад.

Генерал Карлос Бранко, намояндаи нерӯҳои НАТО дар Афғонистон дар бораи ин набард ба Радиои Озодӣ гуфт: «Ин амалиёт дар Арғандоб, ки субҳи имрӯз шурӯъ шуд, як бахши амалиёти густарда дар вилояти Қандаҳор аст. Амалиётро афғонҳо ва бо кумаки Айсаф доир мекунанд. Ин хело муҳим аст, зеро артиши миллии Афғонистон маҳорати баланди доир кардани амалиётро намоиш медиҳад. Алҳол мо теъдоди бузурги ошубгаронро надидаем, фақат бархурди ночиз ба амал омадааст. Ва аммо ин маънои онро надорад, ки ошубгарӣ дар ин ҷо мавҷуд нест».

Хабарнигори Радиои Афғонистони Озод дар Қандаҳор Даво Хон Менапал аз субҳ дар наздикиҳои ҷойи ҳарбу зарб, дар канори як постгоҳи ҳукуматӣ қарор дошт ва манзараи набард дар дараи Арғандобро ин гуна тасвир мекунад: «Чархболҳои НАТО ва ҳавопаймоҳои низомӣ тамоми субҳ дар фазои минтақа дар парвозанд. Ман аз дур садои тӯпхона ва мусалсалро мешунавам. Мардуми русто ҳанӯз ҳам аз минтақаи набард фирор мекунанд. Аз онҳо рӯзҳои пеш хоҳиш карда буданд, ки ин ҷоро тарк намоянд. Чун чархболҳо ва ҳавопаймоҳо аз болои минтақа парвоз мекунанд ва ман мебинам, ки онҳо ду ҳадафро бамборон мекунанд. Ва ман садои таркишҳои шадид дар минтақаро мешунавам.

Сокинони рустоҳо, ки минтақаи ҳарбу зарб фирор кардаанд, мегӯяд, ки бештари Толибони деҳаҳои Арғандобро ишғолкарда аз манотиқи қабоилнишини Покистонанд, зеро онҳо кулоҳи “пакул” ва либосе дар тан доранд, ки хоси толибони Афғонистон нест.

Айни ҳол дар бораи талафот миёни низомиёни афғон ва нерӯҳои НАТО иттилоъе зери даст нест. Ва аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бар асари аввалин ҳамлаҳо болои ошубгарон субҳи имрӯз аз 16 то 25 тани Толибон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG