Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таваққуфи дурӯзаи тазоҳуроти Бадахшон


Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пас аз гуфтугӯ ва тавофуқ бо намояндагони мақомоти давлатӣ идомаи тазоҳуроти худро барои ду рӯз мавқуф гузоштанд. Онҳо мегӯянд, дар ин муддат бояд, нерӯҳои иловагӣ аз вилоят бароварда шаванд. Дар сурати иҷро нашудани талаби худ, тазоҳуркунандагон гуфтаанд, дигарбора ба майдон хоҳанд баргашт. Дар ин гирдиҳамоӣ, ки аз субҳи имрӯз то нимирӯзӣ идома кард, аз 500 то 800 нафар ширкат кардааст. Мақомоти давлати Тоҷикистон гуфтаанд, нерӯҳои иловагӣ ба вилоят барои омодагӣ ба сафари ояндаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оварда шудаанд, вале мардум, аз ҷумла фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон бар инанд, ки ҳадаф аз ирсоли қушӯнҳо саркӯб кардани мухолифон ва тарсондани мардум аст.
XS
SM
MD
LG