Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавасмандии олимпичиёни қирғиз – то $ 150 000


Ҳукумати Қирғизистон маблағи ҷавоизи ғолибони Бозиҳои тобистонаи олимпиисоли 2008 аз Қирғизистон ва мураббиёни онҳор оэълом кард.

Бар тибқи як тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, варзишгарони ин кишвар, ки дар навъҳои алоҳида дар Олимпиада-2008 мақоми аввалро касб мекунанд, бо 150 000 доллар ва мураббиёнашон бо 75 000 доллар мукофотонида хоҳанд шуд. Барои ҷои дувум ба варзишгар 100 000 доллар ва ба мураббии ӯ 50 000 доллар, барои варзишгари ҷои севумро бадастоварда 75 000 доллар ва ба мураббии вай 37 000 доллар супурда мешавад.
Инчунин қарор шудааст, ба варзишгароне, ки дар Олимпиадаи Пекин ҷойҳои аз 4-ум то 8-умро ишғол мекунанд, аз 10 000 то 25 000 доллар мукофоти ҳукумати кишвар супурда шавад.
Ин дар ҳолест, ки 18 варзишгари Қирғизистон дар 10 навъи варзиш (варзиши сабук – 4 нафар, шиноварӣ - 3, гуштии озод – 3 , гуштии юнониву румӣ - 2, тирандозӣ - 1, таэквондо WTF - 1, бокс - 1, шамшербозӣ - 1, вазнбардорӣ - 1 ва дзюдо -1) соҳиби роҳхатҳои олимпӣ гардидаанд.
Вале дар Тоҷикистон ба ин масъала чигуна муносибат мекунанд? Ба гуфтаи Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, то ҳанӯз аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон маблағи мукофоти ғолибону ҷоизагирандагони варзишгарони кишвар дар Олимпиадаи Пекин эълом нашудааст.
«Воқиъан, – афзуд оқои Раҷабалиев, – 13 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш (бокс – 3 нафар, дзюдо – 3, гуштии озод – 2, варзиши сабук- 2, шиноварӣ - 2, камонварӣ - 1) ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекинро ба даст овардаанд».
XS
SM
MD
LG