Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеъри форсии тоҷикӣ дар Русия


Умари Хайём ҳамчунон аз пурхонандатарин шоирон дар Русия аст.

Владимир Путин нахуствазири кунунӣ ва собиқ раисиҷумҳури Русия гуфта буд, ки ҳамдаму маслиҳатгари аслии ӯ дар лаҳзаҳои андеша Умари Хайём аст. Ва ҳар боре, ки ман ба андешаи масъалаи ҷиддӣ биравам осори Хайёмро ба даст мегирам ва мехонам. Ӯ гуфта буд: «Ахиран ҳамсарам ба ман китоби Умари Хайёмро туҳфа карда, хеле ҷолиб аст ва ин китобро ба дигарон низ тавсеъа медиҳам.»

Оё мақомоти Тоҷикистон аз осори безаволи ҳаким Умари Хайём огаҳӣ доранд ва ин китобро мехонанд? Дар ҳоле ки дар Тоҷикистон дар бораи адабиёти класикии тоҷик ҳатто сомонаҳои интернети бо забони тоҷикӣ - форсӣ вуҷуд надорад. Рӯи ҳам рафта дар бораи адибони классики форсу тоҷик дар Русия садҳо сомонаҳои интернетӣ фаъолият мекунад ва мардум аз осори ин класикон баҳра мебаранд. Барои мисол сомонаи интернетие ҳаст бо номи www.farhangsara.com, ки дар он ҳар касе, ки ба адабиёти форсӣ алоқаманд аст, метавонад барои худ шеърҳо ва зиндагиномаи шоирони классик ва муосири форсро пайдо кунанд. Дигар торнамоҳое вуҷуд дорад ба монанди www.sufizm.ru, ки дар он метавон на танҳо шеъру зиндагинома пайдо кард балки метавон фол низ дид. Дар ин торнамо ҳар кас метавонад фоли худро аз Ҳофизи Широзӣ ва Ҷалолидини Балхӣ кушояд. Коршиносон алоқамандии мардуми рус ба адабиёти форсиро ба адабиётдустии онҳо рабт медиҳанд. Аз сӯи дигар адабиёти форсӣ як адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва ҳар касе, ки ба донишу фарҳанг алоқа дорад, мехоҳад аз ин хазина баҳра бигирад. Михаил Синелников тарҷумони адабиёти тоҷик дар Русия дар ин бора гуфт: «Ба андешаи мардуми рус шеъри форсӣ дар шумори бузургтарин адабиёти ҷаҳон аст. Хонандагони рус бештар адабиёти форсиро аз рӯи тарҷумаҳои забони русӣ мутолеъа мекунанд. Барои мисол, худи ман аз кӯдакӣ шеърҳои Рӯдакиро бо забони русӣ мехондам ва аз ашъори ӯ лаззат мебурдам. Дар Русия даҳҳо ва садҳо ҳазор алоқамандони адабиёти форсӣ фаъол ҳастанд.»

Михаил Синелников «Харобаҳои мадоини Хоқонӣ, ашъори устод Рӯдакӣ ва ғайраро тарҷума кардааст. Оқои Синелников мегӯяд, мардуми рус бештар ба Рубоёти Умари Хайём алоқамандии зиёд доранд. Вай маҳбубияти Умари Хайём дар миёни мардуми русро чунин тавзеҳ дод: «Ман фикр мекунам ки афкори мардуми Русия бо афкори мардуми Аврупо наздик ва дар бархе аз масоил аз ҷумла дар осори фарҳангии Умари Хайём ба ҳам яксон аст, дар ҳоле, ки Умари Хайём дар Эрони муосир он қадар мавқеъи зиёде надорад, вале осори ин шоир дар қарни 19-20 ба афкори мардуми Русия ва Аврупо мувофиқат кардааст. Ба ҳамин далел маҳбубияти Хайём дар хориҷ аз Эрон ба маротиб бештар аст».

Дар сомонаҳои интернетӣ имрӯҳо метавон зиндагиномаву шеър, ғазалу рубоёти класикони адабиёти форсиро пайдо кард. Дар интернет ҳоло торнамоҳое ҳастанд, ки метавон аз таърихи кишвар, фарҳанг урфу одат ва ғайра ошно шуд. Ҳамчунин дар яке аз саҳифаи интернетии машҳур бо номи www.Youtube.com метавон шеърҳои Хайём, Ҳофиз, Балхӣ ва дигаронро ва гӯш кард.

XS
SM
MD
LG