Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 толиб ва 2 сарбози афғон дар Қандаҳор


Вазорати дифоъи Афғонистон хабар дод, ки ду сарбози афғон ва 20 ситезаҷӯи толиб дар як даргирӣ дар канораи шаҳри Қандаҳор кушта шудаанд. Ҷузвутомҳои артиши Афғонистон бо пуштибонии нерӯҳои канадаии Паймони Атлантики Шимолӣ дар деҳоти атрофи Қандаҳор бо амалиёти густарда талош доранд, толибҳоро аз ин ҷо решакан кунанд. Дар ҳодисаи дигар дар вилояти Ҳилманди Афғонистон чор сарбози бритониёӣ кушта ва ду нафари онҳо захмӣ шуданд. Ин хунинтарин ҳамла ба нерӯҳои Бритониё дар Афғонистон шумурда мешавад.
XS
SM
MD
LG