Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони рус дар Гурҷистон озод шуданд


Гурҷистон мегӯяд, чаҳор сарбози Русия аз нерӯҳои посдори сулҳро озод кардааст. Ин сарбозон рӯзи сешанбе бо гумони интиқоли аслиҳаи бидуни асноди муносиб боздошт шудаанд. Намояндаи Вазортаи умури дохилии Гурҷистон, Шота Утиашвилӣ гуфт, ҳамаи чаҳор низомии Русия пас аз бозпурсӣ озод шуданд. Вай афзуд, кишвараш ҳамчунин мошинҳои боркашро низ ба Русия бармегардонад, вале тасҳлиҳот то поёни таҳқиқ баргардонида намешавад. Мақомоти Гурҷистон дирӯз аз боздошти 14 низомии посдори сулҳи Русия хабар доданд, вале дертар ин ададро то чаҳор ихтисор карданд.
XS
SM
MD
LG