Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгари Тоҷикистон Галина Митяева дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук байни ҷавонон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия дар гурзандозӣ соҳиби медали тило гардид.

Ғайрат Неъматов, мураббии маъруфи тоҷик, ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Галина Митяева гурзро ба масофаи 57 метру 87 сантиметр ҳаво дод ва дар сабқати занон мақоми аввалро касб кард.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Алишер Эшбеков дар сабқати гурзандозӣ байни мардон бо натиҷаи 64 метру 78 сантиметр ҷои дувумро дарёфт кард ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.
Инчунин узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Олга Герасимова дар давидан ба масофаи 400 метр бо мониъа бо натиҷаи 1 дақиқаву 2, 08 сония ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар байни 6 нафар беҳтарин давандаҳо ҷойгир шуд.
Ба гуфтаи Ғайрат Неъматов, ин мусобиқот барои Галина Митяева як марҳилаи омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 ба шумор мерафт. Ӯ, инчунин, то Олимпиадаи Пекин дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон, ки аз 12-ум то 18-уми июл дар Лаҳистон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG