Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи муштарак ба Арғандоби Қандаҳор


Мақомоти ҳарбии Афғонистон мегӯянд, дар канораи шаҳри Қандаҳор барои решакан кардани Толибон даст ба амалиёти густардаи ҳарбӣ задаанд. Сухангӯи нерӯҳои Паймони Атлантики Шимолӣ, Марк Лойтӣ гуфт, ҷузвутомҳои артиши афғон ва сарбозони Канада ба минтақаи Арғандоби атрофи Қандаҳор ворид шудаанд. Афсари полиси афғон, Сардор Муҳаммад, ки дар Арғандоб аст, аз даргириҳо дар ин ҷо хабар медиҳад. Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон барои решакан кардани толибҳо аз ин минтақа нерӯи кофӣ басеҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG