Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хабарҳои зидду нақиз аз Қандаҳор


Аз Қандаҳор, ҷануби Афғонистон гузоришҳои зидду нақиз ба даст мерасад, ки мегӯяд, Толибон назоратро бар чанд рустои маҳаллӣ ба даст овардаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки садҳо ҷангии Толибон вулусволии Арғандоб, 15-километрии шимолу ғарби Қандаҳорро таҳти контроли худ даровардаанд. Дар ҳамин ҳол, НАТО ва эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии ИМА мегӯянд, ки ҳайати сарбозонашонро ба Арғандоб фиристоданд, аммо ин нирӯҳо бо муқовимате рӯбарӯ нашуданд. Инчунин роҷеъ ба хабаре оид ба паҳн шудани варақаҳои НАТО тавассути чархболҳо дар миёни аҳолии Арғандоб гузоришҳо зидду нақиз аст. Сокинони рустоҳо мегӯянд, ки дар варақаҳо тақозо мешавад, ки онҳо тарки маҳалли зист кунанд, дар ҳоле, ки НАТО мегӯяд, аз сокинони деҳот дархост шудааст, ки дар манзилҳои худ бимонанд. Хабаргузориҳои ғарбӣ гузориш медиҳанд, ки садҳо нафар маҳалли зисти худро тарк мекунанд. Аммо НАТО мегӯяд, ки шаҳодати тарки манзил кардани мардумро надорад. Фаъолиятҳои низомӣ дар Арғандоб чанд рӯз баъди ҳамлаи Толибон ба зиндоне дар Қандаҳор шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи он беш аз 400 ҷангии Толибон фирор кардаанд.
XS
SM
MD
LG