Пайвандҳои дастрасӣ

Қонуни нави матбуоти Беларус тасвиб мешавад


Парлумони Беларусия дирӯз тарҳи қонуни нави матбуотро пазируфт, ки назоратро бар сомонаҳои интернетӣ шадидтар мекунад. Тарҳи қонуни мазкур дар қироати аввал аз ҷониби парлумон баъди он қабул шуд, ки раиси маҷлис гуфт, қонуни нав ба озодии матбуот ҳеҷ таҳдид намекунад. Дар айни ҳол, фаъолони ҳуқуқи башар ҳарос доранд, ки қонуни нави матбуот барои назорат аз сомонаҳои интернетии мухолифин истифода мешавад. Ғарбу Аврупо борҳо ҳукумати Беларусро барои саркӯби матбуот ва озодии баён танқид кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG