Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Барак оташбас бо Ҳамосро пеш аз мӯҳлат хонд


Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, ки оташбаси миёни Ҳамос ва Исроил, ки бо миёнҷигии Миср ҳосил шудааст, аз рӯзи панҷшанбе ба ҳукми иҷро медарояд. Фавзӣ Барҳум, сухангӯи ҷумбиши исломии Ҳамос, ки Навори Ғаззаро таҳти контрол дорад, гуфт, ин созмон ба шартҳои оташбаси нав пойбанд хоҳад монд. Аммо афзуд, ки дар сурати "таҷовузи Исроил ин созмон ҳақи посух доданро ҳифз мекунад". Вазири дифои Исроил Эҳуд Барак бо "пеш аз мӯҳлат" хондани ин созиш, гуфт, ки ҳанӯз барвақт аст, ки роҷеъ ба бастани созишномаи оташбас сӯҳбат шавад. Ваъдаи ҷонибҳо ин аст, ки Ҳамос ҳамлаҳои мушакиро ба қаламрави Исроил хотима медиҳад ва дар посух Тел-Авив ба мӯҳлати як сол блокадаи Ғаззаро сабуктар карда баргузории рейдҳоро дар ин манотиқ хотима медиҳад.
XS
SM
MD
LG