Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон чаҳор сарбози русро боздошт кард


Полиси Гурҷистон чаҳор узви ҳайати посдорони сулҳи Русияро дар наздикии ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон боздошт кард. Як мақоми вазорати дохилаи Гурҷистон гуфт, ки сарбозон аслиҳаро бидуни иҷоза интиқол медоданд. Аммо вазорати дифои Русия ба хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ки сарбозон дар ихтиёрашон коғазҳои зарурии кориро доштанд. Дар моҳҳои охир равобити миёни Гурҷистону Русия бар сари ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон ба сардӣ гароидааст.
XS
SM
MD
LG