Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Аврупо аз сарнавишти Искандаров суол кард


Додгоҳи Аврупо аз мақомоти Русия дархост кардааст, то ба бархе аз саволҳои ин додгоҳ дар мавриди ҷузъиёти истирдоди раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистон посух диҳад. Бар асоси ин дархост мақомоти зидахли Русия муваззаф шудаанд, ки посух ба ин суолотро то моҳи сентябри соли равон ба додгоҳи Аврупо ирсол кунанд. Масъулони ҷиноҳи ҳизби демократи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Душанбе таъйид кардаанд, ки Додгоҳи Аврупо бо ирсоли нома ба унвони мақомоти зиддахли Русия аз ин кишвар дархост карда ба суолҳо дар мавриди боздошт ва наҳваи истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии ҳизби демократи Тоҷикистон дар соли 2005 мелодӣ аз Русия ба Тоҷикистон посух бигӯянд. Ин дархост бар асоси шикояти Анна Ставитская, вакили мудофеъи оқои Искандаров сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG