Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун ҳамлаҳои Ироқро маҳкум кард


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ҳамлаи ба қавли вай зишти дирӯзаро дар Бағдод шадидан маҳкум кард. Дар пайи таркиши бомбаи пурқудрате дар як маҳалли тиҷоратии шимолуғарби Бағдод дасти кам 51 нафар кушта ва 75 кас захмӣ шудааст. Ин яке аз пурқурбонитарин ҳамлаҳои моҳҳои охир дар Ироқ гуфта мешавад. Бомба дар маҳалли шианишини Ал-Ҳуррия мунфаҷир шуд. Чандин фурӯшгоҳу мошинҳо дар маҳалли ҳодиса ба коми оташ фурӯ рафт. ИМА ангушти иттиҳомро сӯи ҷангиёни суннимазҳаби Ал-Қоида баланд карда гуфт, ки дар таркишҳои мошинҳои ҳомили бомба солҳои 2006 ва 2007 маъмулан ҳамин гурӯҳ даст доштааст. Ин хабар дар ҳоле ба даст мерасад, ки муовини раиси маҷлиси Ироқ дирӯз гуфт, ки шурӯъ аз 1 сентябр иҷлосияҳои парлумони ин кишвар дар сохтмони даврони Саддом Ҳусайн, ки берун аз Минтақаи Сабзи Бағдод ҷойгир аст, ҷараён мегирад.

XS
SM
MD
LG