Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии САҲА аз фишор болои хабарнигорони узбак


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз далелҳои ахири фишор болои хабарнигорони мустақил дар Узбакистон изҳори нигаронӣ кардааст. Дар изҳороти намояндаи ин созмон дар умури озодии матбуот Миклош Ҳарастӣ аз ҷумла, ба боздошти Солиҷон Абдураҳмонов ва маъракаи таъқиби хабарнигорони Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ аз сӯи мақомоти Узбакистон ишора шудааст. Дар изҳорот омадааст, ки "дар барномаҳои телевизиони миллии Узбакистон ин хабарнигорон дар фаъолияти зиддидавлатӣ айбдор шудаанд".

XS
SM
MD
LG