Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба сарони давлатҳо бовар боқӣ намондааст ва сатҳи эътимод ба онҳо то рафт коҳиш меёбад.

Дар як назарсанҷии байнулмилалӣ, ки ахиран аз тарафи чандин маркази омӯзиши афкори умум ва таҳти сарпарастии Барномаи Гароиши байнулмилалии сиёсӣ дар Донишгоҳи Мериленди Иёлоти Муттаҳида дар 20 кишвари мухталифи ҷаҳон барпо гардид, дараҷаи эътимоди мардум ба раҳбарон мавриди пажӯҳиш қарор гирифт.

Дар ҳоле ки аҳолии ин 20 кишвар намояндаи 60 дарсади аҳолии олам мебошад, интихоби онҳо тавре ҷараён ёфт, ки кишварҳои калон ва хурд, пешрафта ва нодор, дунявӣ ва динӣ, ғарбию шарқӣ ва шимолию ҷанубӣ таносуби муайянеро ташкил диҳад. Аммо оё кадоме аз раҳбарон боварбахштарин ва кадоме беэътимодтарин дониста шуданд?

Ягон сарвари давлат дар саҳнаи ҷаҳонӣ мавриди эътимоди густардаи пурсидашудагон қарор нагирифт. Дар ҳоле ки президенти Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш, яке аз камэътимодтарин раҳбарон номида шуд, раҳбарони дигар низ, ба монанди Ҳу Ҷинтаои Чин ва Владимир Путини Русия низ натавонистанд, аз пуштибонии ҷаҳониён бархӯрдор гарданд.

Президентҳои Покистон, Парвиз Мушарраф ва Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод дар як мафҳил бо Буш гурӯҳи беэътимодтарин сарваронро ташкил доданд. Ягона раҳбаре, ки нисбатан баҳои мусбат гирифт, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун мебошад, ки агар дар 8 кишвар ба ӯ нобоварӣ эълон кардаанд, дар 9 кишвари дигар гуфтаанд, ба дабири кулл мешавад бовар кард.

Намояндагони 18 кишвар гуфтаанд, президенти Покистон Мушарраф аслан ғайри қобили эътимод аст. Танҳо 37 дарсади посухдиҳандагон дар Чин ба Мушарраф бовар дошта, қариб ҳамаи кишварҳои араб ба Аҳмадинажод нобоварӣ изҳор кардаанд. Дар зимн нобоварӣ ба раҳбарон дар кишварҳое, ки бо мушкилоти гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯянд, бештар ва дар кишварҳое, ки вазъи беҳтар доранд, камтар будааст.

Аз кишварҳои шӯравии собиқ, назарсанҷҳо Русия, Укроин ва Озарбойҷонро интихоб кардаанд. Тоҷикистон ба ин номгӯй шомил нашудааст. Раиси маркази омӯзиши афкори умуми "Зеркало" дар Душанбе, Қаҳрамони Бақозода мегӯяд, агар ин назарпурсӣ дар Тоҷикистон ҷараён мегирифт, натиҷаҳо комилан дигар мебуданд. Ба ақидаи ӯ, аксарият ба Путин изҳори бовар мекард, зеро аҳолии Тоҷикистон таҳти таъсири расонаҳои ахбори оми Русия қарор дорад ва дар онҳо Путин ҳамчун беҳтарин раҳбар таблиғ мешавад. "Дар бораи Аҳмадинажод низ назари мусбат бартарӣ хоҳад дошт, аммо баҳоҳои нек ва бад ба Буш тақрибан баробар хоҳанд буд ва дар бораи Бан Ки-мун чизе нахоҳанд гуфт, зеро мардуми мо дар бораи раҳбари Созмони Милал маълумоти зиёд надорад."

Бархе аз тазодҳо ингунаанд, ки боварӣ ба Ҷорҷ Даблю Буш дар Нигерия аз худи Амрико бештар аст. Дар Нигерия 60 ва дар Иёлоти Муттаҳида -- 42 дарсад. Ба Ҳу Ҷинтао дар Чин 93 дарсад эътимод доранд, дар Испониё, масалан 7 дарсад. Эътимод ба Путин дар Русия ва Чин тақрибан баробар аст, аммо дар Озарбойҷон ҳамагӣ 45 дарсад. Ба Аҳмадинажод дар Эрон 76 ва масалан, дар қаламравҳои фаластинӣ 37 дарсад изҳори эътимод кардаанд.

Дар идомаи назарсанҷии мазкур раҳбарони дигар низ, монанди Ҳуго Чавези Венесуела, Эрдуғони Туркия, Качинскиии Лаҳистон низ бо сатҳи хеле пасти эътимоди мардум рӯбарӯянд. Баъзе сарварони давлатҳо аслан ҳатто сазовори баҳси эътимоду беэътимодии аҳолӣ низ нашудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG