Пайвандҳои дастрасӣ

Рамзҳои шӯравӣ дар Литва мамнӯъ эълон шуданд


Сейми Литва бо қабули як қонун истифодаи рамзҳои даврони шӯравӣ ва Олмони фашистӣ дар ҳама гуна нишасту ҷамъомадҳоро манъ кард. Тибқи ин санад, аз ин баъд намоиши герб ё нишони давлатӣ, парчам, либоси низомӣ ва ҳама гуна рамзҳои дигари дорои досу болға ва нишонҳои фашистӣ дар қаламрави кишвар муҷозотро ба думбол хоҳад дошт.

Порлумони Литва ҳамчунин иҷрои сурудҳои миллии Олмони нозӣ, Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷумҳурии сотсиалистии Литваро мамнӯъ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG