Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба афзоиши тавлиди нафт мухолиф аст


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон изҳор намуд, ки болоравии қимати нафт бо манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои пешрафтаи олам бастагӣ дорад. Зимни суханронӣ дар нишасти Бунёди рушди байнулмилалии ОПЕК – Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ӯ гуфт, ки "қимати “тиллои сиёҳ” ба таври сунъӣ боло бурда шудааст".

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд, ки айни ҳол содироти нафт назар ба ниёзмандӣ ба он бештар аст ва ба ин васила даъвати Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои пешрафта аз ОПЕК барои афзоиши тавлиду содироти нафтро рад кард.

Имрӯз қимати нафт дар биржаи Ню-Йорк ба тақрибан 140 доллар барои як бушка расид.

XS
SM
MD
LG