Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди паноҳандагон дар олам афзоиш ёфтааст


Созмони Милали Муттаҳид эълом дошт, ки низоъҳо дар Ироқу Афғонистон боиси афзоиши теъдоди паноҳандагон дар олам шудааст. Ба итилоъи Комиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон, то охири соли гузашта теъдоди афроди манзилҳояшонро иҷборан таркгуфта ба 11 миллиону 400 ҳазор нафар расид, дар ҳоле, ки як сол пеш теъдоди онҳо 9,9 миллион нафар буд.

Ба иттилоъи ин ниҳоди Созмони Миллал теъдоди аз ҳама бештари паноҳандагон ба Покистон ворид шудаанд ва ин бо ҳамсоягии кишвар бо Афғонистон бастагӣ дорад. Ҳамчунин Сурия, Эрон, Олмон ва Урдун низ дар сархати кишварҳоеанд, ки теъдоди зиёди паноҳандагонро қабул кардаанд.

XS
SM
MD
LG