Пайвандҳои дастрасӣ

Оташи олимпӣ то ба Шинҷон -Уйғур расид


Эстафетаи оташи олимпӣ то ба вилояти Шинҷон-Уйғур, воқеъ дар ғарби Чин расид. Барои даври навбатии он дар маркази вилоят - шаҳри Урумчӣ аз чораҳои шадиди амниятӣ кор гирифта шуд. Бештари сокинони ин минтақа мусалмонанд ва онҳо талоши ҷудоӣ аз Чин ва таъсиси давлати алоҳидаро доранд.

Охири ҳамин ҳафта эстафетаи оташи олимпӣ аз Тибет мегузарад. Ҳадс зада мешавад, ки ин душвортарин марҳалаи эстафетаи оташи олимпӣ хоҳад буд - моҳи март бар асари нооромиҳо дар ин минтақа беш аз 100 нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG