Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Писарбача ва уқёнусҳо (Видео)


Зак Сандерленд қабл аз сафари ҷаҳон

Зак Сандерленд қабл аз сафари ҷаҳон

Шояд аксари мо қиссаи “Пирамард ва баҳр”-и Ҳемингуэйро хонда ва ё, ҳеч набошад, филмеро аз рӯи он тамошо карда бошем...

Вале дар ин матлаб сухан дар бораи одами ба маротиб ҷавонтар ва нотарстаре меравад. Навраси 16-солаи амрикоӣ аз шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА умед дорад ҷавонтарин ҷаҳонгарди сайёра шавад, ки савори киштӣ ба танҳоӣ кулли ҷаҳонро сайр карда бошад.
Зак Сандерленд 14-уми июн ба сафари ҷаҳон баромад ва қасд дорад савори киштие, ки бо пули пасандозаш ҷамъоварӣ кардааст, ҷаҳонгардиашро дар давоми як сол ба поён расонад. Зак мегӯяд: “Ман 16 сол бештар дорам ва умедворам, ки ҳангоми бозгаштам ҷавонтар аз 18 сол бошам ва дар ин ҳол ин рекорди ҷаҳони хоҳад буд”.
Зак мегӯяд, ки ҳангоми саёҳаташ уқёнусҳои Ором, Атлантик ва Ҳиндро убур хоҳад кард. Сохтмони киштии бодбониаш ки “Шуҷоъ” (чун худаш) ном дорад, тақрибан то оғози сафараш ба итмом нарасида буд. Бодбонҳои навро барои Зак танҳо чанд рӯзе пеш аз сафар овардаанд ва, тавре мегӯяд, то охирин лаҳзаҳо корҳои омодагӣ ба сафар идома доштааст.
Ҳарчанд Зак ҳанӯз ноболиғ асту то ҳол ҳуҷҷати киштирони надорад, вале қотеъона хоҳони гузоштани рекорди нав мебошад ва барои расидан ба мақсадаш ӯ бояд то январи соли 2010 ба хонааш баргардад.
Рекорди кунунӣ ба ҷавонмарди австралиёӣ Девид Дикс мансуб аст ки соли 1996 ҳангоми ба поён расидани сафари ҷаҳониаш ҳамагӣ 18 солу 41 рӯз синн дошт.
Дар суҳбат бо хабарнигорон Заки далер гуфт: “Ин сафари аҷоиб хоҳад буд ва ман тамоми маконҳои навро зиёрат намуда, бо мардуми гуногун мулоқот карданиам”. Ба гуфтаи вай, ин саёҳати бузургтарин ва ҷаззобтарини ҳаёташ хоҳад шуд.
Киштии “Шуҷоъ” бузург нест – ҳамагӣ 11 метр дарозӣ дорад. Ҳуҷрачаи хурде дар дохили он барои дастикам як соли наздик хонаи ин навҷавони нотарс хоҳад буд. Дар ин ҳуҷрача вай ҷои хоб ва мизу курсӣ дорад. Дар инҷо вай бо муайян кардани хатти сайри киштӣ, тағйироти ҳаво, ва сабту иншои ҳама мушоҳидаҳояш машғул хоҳад шуд. Барои алоқа бо дӯстону аҳли хонаводааш Зак таҷҳизоти махсус ва ду дастгоҳи “Айфон”-ро ҳамроҳ гирифтааст.
Зимни шиноварии дурударозаш вай худаш хурокпазӣ мекунад ва дар яхчолаш ғизои яхшудаи зиёдро захира кардааст. Мева, сабзавот ва хӯроквории тару тоза танҳо барои 4 ҳафта мерасад ва баъд аз тамомшавиаш Зак бояд танҳо бо моҳигирӣ ва истеъмоли ғизои хушку яхшуда рӯзашро гузаронад.
Сафари Зак аз Лос-Анҷелес, воқеъ дар соҳили уқёнуси Ором, оғоз гардид. Истгоҳи нахустини ӯ танҳо баъди 6 ҳафта дар масофаи 6 ҳазору 500 км дуртар аз Лос Анҷелес дар ҷазираҳои Маршал хоҳад буд.
Масири шинои Зак аз онҷо ба Папуа-Гвинеяи нав, Австралия, ва аз онҷо аз тариқи уқёнуси Ҳинд ба ҷазираҳои Мауритиус ва Мадагаскар аст. Баъд аз убури гулӯгоҳи хатарноки “Умеди хуш” дар Африқои ҷанубӣ сайёҳ ба уқёнуси Атлантика ворид шуда, баъди гузаштан аз канали Панама ба Калифорния бармегардад.
Нахуст Зак мехост аз канали Суэси Миср низ убур кунад, аммо хабарҳо дар бораи дуздони дарёӣ дар назди соҳилҳои Сомалӣ ӯро водор кард, ки аз ин фикраш гардад.
Зак мегӯяд дар давоми сафар ба таҳсилаш идома хоҳад дод ва барои ин низ ҳамаи китобҳои дарсиро бо худ мебарад. Вай тазаккур дод, ки аз тариқи имейл имтиҳон ва санҷишҳояшро ба модараш мефиристад ва модараш онҳоро баҳо мегузорад.
Воқиъан, Мариан, модари Зак, дар бораи ин сафари писараш чи мегӯяд? Инак, суханҳои ӯ: “Ман фикр намекунам, ки ягон фоҷиъа метавонад рух диҳад. Киштиро падараш муҷаҳҳаз карда, дар ихтиёри Зак тамоми таҷҳизот ва дастгоҳҳои заруриро гузоштааст”.
Лоренс, падари Зак, аслан, бритониёӣ аст. Ӯ изҳори итминон намуд, ки фарзандаш бо уқёнус шиносоии хуб дорад ва барои нигаронӣ ягон сабабе нест.
Худи сайёҳи ҷавон мехоҳад, ки баъд аз анҷоми ҷаҳонгардиаш китобе эҷод кунад. Барои расидан ба нуқтаи ниҳоии сафараш Зак бояд дастикам 65 000 километр обҳои ҷаҳониро тай намояд ва ҳатто, агар ӯ натавонад рекорди ҷаҳонӣ гузорад, вале, ба ҳар шол, ин бузургтарин саёҳати ҳаёташ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG