Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи маҷмааи ёдгорӣ дар Лондон


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ дар Лондон маҷмааи ёдгории хабарнигорони зимни ифои вазифа ба ҳалокатрасидаро ифтитоҳ кард. Ин маҷмаа аз шишаву фулод сохта ва дар боми яке аз биноҳои Би-Би-Си дар хиёбони Стрэнд насб шудааст. Аз ин ба баъд ҳар бегаҳ соати даҳ, лаҳзаи шурӯъи барномаи хабарии Би-Би-Си як дастаи нур аз ин маҷмаа сӯи осмон равона хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳамасола дар кишварҳои гуногун зимни иҷрои вазифа даҳҳо хабарнигорон кушта мешаванд. Ироқ чун пештара пурхатартарин кишвар барои кормандони расонаҳои хабарӣ боқӣ мемонад – соли гузашта дар ин ҷо 44 хабарнигорон кушта шуданд. Дар Русия аз соли 1991 то имрӯз беш аз дусад хабарнигори расонаҳои маҳалливу хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд.

XS
SM
MD
LG