Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харобшавии маҳвораи аслии мухобиротии Қазоқистон


Дар Қазоқистон танҳо маҳвораи мухобиротӣ хароб шудааст. Оҷонсии миллии кайҳонӣ мегӯяд, ки назорат бар маҳвораи KazSat-1 рӯзи 8 июн аз даст рафт ва эҳтимоли зиёд аст, ки дигар тамос бо он барқарор нахоҳад шуд. Чунин ҳодиса боиси он шуд, ки шабакаҳои аслии телевизиону радио ба истифодаи маҳвораҳои дигари пурхарҷтар рӯ оранд ва аммо телевизионҳои хурди дигар пурра аз кор монданд. Фаъолияти ин маҳвораи сохти Русия июни соли 2006 шурӯъ шуд ва он аввалин маҳворае аз чаҳор дастгоҳи дигаре аст, ки қарор буд то соли 2020 дар мадор насб мешуд.

XS
SM
MD
LG