Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами аввали Босния дар Иттиҳодияи Аврупо


Босния як санади муҳимеро бо Иттиҳодияи Аврупо ба имзо расонид, ки чун қадами аввал дар роҳи пазириши ин кишвар ба ҳайати ин созмон арзёбӣ мешавад. Рӯзи душанбе дар Люксембург миёни нахуствазири Босния Никола Спирич ва раиси комиссиюни тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо Олли Рейн созишномаи пайвастагӣ ба имзо расид. Санади мазкур Боснияро водор мекунад, ки низоми иқтисодиву додгустарӣ ва сиёсии кишварро мутобиқи талаботи Иттиҳодияи Аврупо ислоҳ кунад. Ташаббуси шурӯи музокирот барои қабули ин созишнома декабри соли гузашта карда шуд, аммо аъзои Иттиҳодияи Аврупо пофишорӣ карданд, ки Босния бояд ислоҳоти низоми полисро, ки бунёди нирӯҳои воҳиду бисёрмиллатаро тақозо мекунад, анҷом диҳад ва пасон созишномаи пайвастагӣ имзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG