Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯи корҳои тармим ва навсозӣ дар Норак


ИТАР ТАСС хабар медиҳад, ки дар бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Норак корҳои тармим ва навсозӣ оғоз шудааст. Бар асоси иттиллои ҳамин манбаъ рӯзҳои наздик дар яке аз нӯҳ агрегати ин нерӯгоҳ насби як чархаи нав, ки аз Украин ба Душанбе оварда шуд оғоз мешавад. Ин чарха, ки бо ҳавопаймои борбар оварда шудааст 65 тон вазн ва 2-юним миллин доллар арзиш дорад. Дар ҳоли ҳозир мутахассисини уркаинӣ барои омода кардани яке дигар аз чунин чарха машғул ҳастанд. Дар назар аст ҳамаи нӯҳ агрегати неругоҳ навсозӣ шавад. ИТАР- ТАСС навиштааст, ки аз замони оғози кори ин нерӯгоҳ 30 сол сипарӣ мешавад ва ҳамаи агрегатҳои Норак дар корхонаи шаҳри Харкови Украина истеҳсол шудааст.
XS
SM
MD
LG