Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таъхири Аврупо дар вокуниш ба тасмими Ирландия


Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки феълан наметавонанд ба раъйдиҳии Ирландия роҷеъ ба адами пазириши паймони Лиссабон, ки боиси эҷоди бӯҳроне шудааст, вокуниши билофосила нишон диҳанд. Дар ҷараёни мулоқоти рӯзи душанбеи худ вазирон ба оромиву иттиҳод даъват карда гуфтанд, ки барои баррасиву хулосабарарорӣ дар баробари тасмими Ирландия таҳлили бештар лозим мешавад. Паймони Лиссабон дар назар дорад, ки Иттиҳодияи Аврупоро ба як сохтори қавиву коромад табдил диҳад. То имрӯз ин паймонро 18 давлати узв пазируфтаанд ва шарти аслӣ ин аст, ки танҳо баъди тасвиби он аз ҷониби ҳамаи 27 узви иттиҳод, ин санад ба ҳукми иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG