Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Риояти ҳуқуқи башар дар мавориди ихроҷи маҷбурӣ


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар як мизи мудаввар масъалаи «Риояти ҳуқуқи башар дар мавориди ихроҷи ҷабрӣ барои ниёзҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ношири ин хабар оҷонсии Авасто навиштааст, ки дар ин нишаст мушкилоти дар чаҳорчӯби қонун ҳалл шудани ихроҷи маҷбурӣ аз макони зист барои ниёзҳои давлат ва ҷамъият, шеваи иҷрои нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масъалаи кӯчонидани иҷборӣ, мурооти мавозини байналмилалии ҳуқуқ ба манзил ва таҷрибаи мамолики хориҷӣ ва намудҳои асосии нақзи ҳуқуқи башар дар амри риояти моликияти хухусӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин қарор аст дар ин нишаст маросими муаррифии мониторинги мурооти ҳуқуқи башар ба ҳангоми ихроҷи ҷабрӣ барои ниёзҳои давлат ва ҷомеа сурат бигирад. Нишасти мазкур бо ибтикори Дафтари ҳуқуқи башари Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG