Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирсоли нирӯҳои иловагии НАТО ба Қандаҳор


Нирӯҳои амниятии Афғонистону НАТО ба Қандаҳор нирӯҳои иловагии имдодрасонро фиристоданд, то ки вазъи минтақаро баъди фирори беш аз ҳазор зиндониён ба эътидол оварданд. Вазири дифои Афғонистон ва нирӯҳои посдори сулҳи байналмилалии таҳти сарпарастии НАТО гуфтанд, ки барои муқобила бо хатарҳои эҳтимолӣ аз ҷониби маҳбусони фирорӣ, аз ҷумла ҳудудан 500 ҷангии Толибон, бахше аз нирӯҳояшонро аз манотиқи дигар дар Қандаҳор мустақар мекунанд. Дар ҳамин ҳол, Покистон Афғонистонро аз анҷоми ҳамлаи эҳтимолӣ болои Толибон дар хоки худ ҳушдор дода гуфтааст, ки ба таври мустақилона тамомияти арзии қаламравашро ҳимоят хоҳад кард. Ва ниҳоят, Бритониё гуфт, ки 230 воҳиди низомии иловагиро ба Афғонистон ирсол хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ин бузургтарин шумори нирӯҳои бритониёӣ дар Афғонистон баъди шурӯи амалиёти соли 2001 мебошад.

XS
SM
MD
LG