Пайвандҳои дастрасӣ

Украина мехоҳад соли равон ба НАТО даъват шавад


Рӯзи душанбе дар шаҳри Киев аснои мулоқот бо ҳайъати НАТО президенти Украина Виктор Юшенко ба дабири кулли паймони НАТО Яап де Ҳооп Схеффер гуфт, кишвараш умед дорад, ки соли равон ҳамчун номзади расмии узвият дар НАТО пазируфта хоҳад шуд.
Дар ҷавоб де Ҳооп Схеффер иброз дошт, ки қабули қарор дар мавриди даъвати Украина салоҳияти 26 кишвари узви ин паймон аст ва касе наметавонад ба тасмими 26 кишвари муттафиқ таъсир гузорад.
Моҳи апрел дар Бухарест раҳбарони кишварҳои узви НАТО аз даъвати Украина худдорӣ карданд, вале Украина бовар дорад, ки моҳи декабр вазирони корҳои хориҷии кишварҳои НАТО Украинаро ба барномаи дастуруламали узвияти НАТО даъват мекунанд.
Русия шадидан мухолифи узвияти Украина дар паймони НАТО мебошад.

XS
SM
MD
LG