Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс ба Бейрут сафар кард


Рӯзи душанбе бидуни эълони пешакӣ котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс ба Лубнон сафар кард. Мансабдори воломақоми амрикоӣ гуфт, ӯ мехоҳад демократияи лубнониро дастгирӣ намояд. Чанде пеш ҷонибҳои лубнонӣ созиши тақсими қудратро имзо намуда, ба бӯҳрони 18-моҳа хотима бахшиданд.
Райс нақша дорад бо президенти Лубнон Мишел Сулаймон ва сарвазири мунтахаб Фуод Сенйура мулоқот намояд.
Сафари Райс дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки эътилофи ҳокими Лубнон ва ҷумбиши Ҳизбуллоҳи мухолифи ҳукумат рӯи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ баҳс доранд.
Пеш аз зиёрати Лубнон Райс ба Исроил ва соҳили ғарбӣ сафар карда буд. Дар он ҷо Райс гуфт, ки бунёди маҳаллаҳои яҳудӣ ба раванди сулҳи Ховари Миёна зарар мерасонад.

XS
SM
MD
LG