Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш тарафдори Ҷирга аст


Президенти ИМА Ҷорҷ Буш аз Афғонистону Покистон даъват кард, ки муколамаашон дар масъалаи мубориза бо ҷангҷӯёни фаъол дар марзи миёни ду кишварро тавсеа диҳанд.
Дар нишасти матбуотӣ бо сарвазири Британия аз президент Буш пурсиданд, ки оё ӯ таҳдиди президенти Афғонистон дар бораи ирсоли нерӯҳои Афғонистон ба Покистонро дастгирӣ мекунад?
Президенти ИМА гуфт, ки кишвараш ҳозир аст, дар ором намудани вазъи марзи миёни Покистону Афғонистон саҳм гирад:
" Медонед, чизе, ки метавонад ба вуқӯъ пайвандад, ин муколамаи бештар миёни ҳукуматҳои Покистону Афғонистон аст. Дар гузашта Ҷиргаи раҳбарони қабилаҳои ду тарафи марз вазъро тағйир дода буд. Ба фикрам эҳёи ҷирга кори хуб хоҳад буд."

XS
SM
MD
LG