Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун: Таҳрими Эронро тавсеа мебахшем!


Сарвазири Британия Гордон Браун мегӯяд, агар Эрон ба пешниҳоди муколама пиромуни барномаи ҳаставиаш посухи муносиб надиҳад, Аврупо таҳрими Ҷумҳурии исломиро тавсеа мебахшад. Дар паи мулоқот бо президенти ИМА Ҷорҷ Буш дар шаҳри Лондон сарвазир Браун гуфт:
"Агар Эрон ҳамоно нодидагирии қарорҳои СММ, ва пешниҳоди коршарикиро идома диҳад, ба ғайр аз тавсеаи таҳрим мо интихоби дигаре нахоҳем дошт. Ва Имрӯз Британия аз Аврупо даъват мекунад ва Аврупо ба тавсеаи таҳрими Эрон мувофиқат хоҳад кард. Қабл аз ҳама мо сурат-ҳисобҳои бузургтарин бонки Эрон-Бонки Миллиро мунҷамид мекунем. Сониян, имрӯз марҳилаи нав: марҳилаи таҳрими нафту газ шурӯъ мешавад."
Паёми Браун дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи якшанбе тарҳрези сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавиер Солана ба Эрон як бастаи пешниҳодҳои ҳамкорӣ дар муқобили қатъи ғанигардонии уранро тақдим намуд.

XS
SM
MD
LG