Пайвандҳои дастрасӣ

Буш бо Браун Эрону Ироқро арзёбӣ мекунад


Президенти ИМА ҷорҷ Буш зиёрати худоҳофизӣ аз Аврупоро бо сафар ба Шоҳаншоҳии Муттаҳида ҷамъбаст мекунад.
Нисфирӯзии душанбе президент Буш бо сарвазири Британия Гордон Браун дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
Пешбинӣ мешавад, ки дар музокироти ду раҳбар барномаи ҳаставии Эрон ва ҳамчунон вазъи Ироқу Афғонистон баҳс мешавад.
Рӯзи якшанбе дар ҚАсри Виндзор раисҷумҳури ИМА бо маликаи Британия Елизаветтаи II мулоқот намуд.
Президент Буш аз Лондон ба Ирландияи Шимолӣ сафар намуда, дар таҷлили мувофиқатномаи тақсими қудрат миёни пайравони мазҳабҳои протестантӣ ва католикии насронӣ иштирок мекунад.

XS
SM
MD
LG