Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон пулҳояшро аз Аврупо берун мекашад


Ҳафтаномаи эронии "Шаҳрванди имрӯз" навиштааст, ки барои ҷилавгирӣ аз мунҷамидсозии пулҳои Эрон дар Аврупо Ҷумҳурии исломӣ 75 миллиард долларро аз бонкҳои Аврупо берун кашидааст. Эрон тақозои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди таваққуфи бахши ҳассоси барномаи ҳаставиашро нодида мегирад. Ба қавли нашрия аз эҳтимол дур нест, ки дар сурати тасвиби тавсеаи таҳрими Эрон гардиши пулҳои ин кишвар дар сурат-ҳисобҳои бонкҳои аврупоӣ мутаваққиф гардад.
Нашрия тафсилоте дар бораи замони берун кашидани пулҳо надода, афзудааст, ки ин иқдом бо фармони президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба вуқӯъ пайваст.
Як рӯзномаи дигари эронӣ ҳам ҳафтаи гузашта дар бораи берун кашидани пулҳои Эрон аз Аврупо хабар дод, вале нагуфт, ки миқдори он чӣ қадар аст. Ҷумҳурии исломӣ Эрон чорумин бузургтарин содиркунандаи нафт дар саросари олам аст.


XS
SM
MD
LG