Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурӯъи татбиқи Қонуни асосӣ дар Косово


Бинои ҳукумати Косово - рамзи истиқлол

Бинои ҳукумати Косово - рамзи истиқлол

Фотмир Сеҷдиу, раисиҷумҳури Косово, 15-уми июн соли равон шурӯъи татбиқи Қонуни асосии ин кишвари навбунёдро эълом намуд.

Дар як маросим дар Приштина ӯ гуфт, ки “бо шурӯъи иҷрои нуктаҳои Қонуни асосӣ раванди бунёди давлати Косово поён меёбад”.
Инак, баъди чаҳор моҳи эълони якҷонибаи истиқлол Косово аз Сербистон татбиқи Қонуни асосӣ дар ин кишвари навтаъсиси аврупоӣ амалӣ мегардад.
Ҳошим Тачӣ, сарвазири Косово, ҳанӯз чанд рӯз пеш шурӯъи татбиқи Қонуни асосии кишварро чун нахустин рӯзи истиқлоли воқеъии Косово арзёбӣ карда буд: «Рӯзи якшанбе рӯзи басо муҳим барои кишвар ва ҳамаи шаҳрвандон ва ҳамчунин барои намояндагиҳои ҷомиъаи байнулмилалӣ дар Косово мебошад. Ин аввалин рӯзи Косово чун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократист. Ин рӯзи Қонуни асосӣ аст, ки раҳро барои шомил шудан ба NАТО ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамвор месозад. Муҳимтар аз ҳама, он гомгузории Косово дар роҳи демократияро муайян мекунад».
Бо татбиқи Қонуни асосӣ мақомоти Косово намоиш доданианд, ки барои ба даст гирифтани лаҷоми қудрат омодаанд. Тибқи ин санад, аз ин ба баъд идораи Косово аз ихтиёри маъмуриятимуваққатииСозмонимилали муттаҳид(СММ) берун ва бамақомотимаҳаллӣвогузормешавад.
Иттиҳоди Аврупо ва СММ аз истиқлоли Косово ҳимоят хоҳаҳд кард
Маъмурияти СММ дар Косово, соли 1999, баъди он, ки нерӯҳои серб зери фишори NАТО ин минтақаро тарк намуданд, таъсис шуд. Ва аммо то ҳанӯз равшан нест, ки маъмурияти СММ кадом бахши ваколатҳои худро ба уҳдаи ҳукумати маҳаллӣ мегузорад. Аз ҷумла, ҳадс зада мешавад, ки назорат аз болои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва системи додгоҳӣ чун қабл аз сӯи маъмурияти СММ ва дар оянда, шояд дар ҳамдастӣ бо ҳайъати Иттиҳодияи Аврупо, сурат бигирад.
Ҳамчунин то ҳол СММ сарнавишти минбаъдаи маъмурияти худ дар Косово баъд аз эълони истиқлоли ин минтақаро равшан накардааст. Русия, ҳампаймони наздики Сербистон, таҳдид кард, ки ба ҳама гуна раъйдиҳӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои хатми кори маъмурияти ин созмон дар Косово вето мегузорад. Хатми фаъъолияти маъмурияти СММ маънии эътирофи истиқлоли Косоворо дорад, вале Маскав чун Белград ба мустақилияти ин минтақа комилан мухолиф аст.
Дар айни ҳол Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои пуштибон аз истиқлоли Косово роҳҳои бурун шудан аз ин вазъро ҷустуҷӯ доранд. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки, ба ҳар сурат, СММ Косоворо ба якборагӣ ва ба таври оҷил тарк нахоҳад кард.
Борис Тадич, раисиҷумҳури Сербистон, шурӯъи татбиқи Қонуни асосии Косоворо “як гоми ғайриқонунӣ” номид, ки, ба гуфтаи ӯ, “паёмадҳои хатарбор хоҳад дошт”.
XS
SM
MD
LG