Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пардаи синемо – ҳуқуқи башар


Дар Ню-Йорк (ИМА) ҷашнвораи филмҳои ҳуқуқи башари созмони байнулмилалии “Human Rights Watch” ҷараён дорад.

Ташаббускорони ин ҷашнвора мутмаъинанд, ки синемо ба зеҳни инсонҳо таъсири бениҳоят бузург мерасонад ва ҷашнвораи вижае дар заминаи масоъили нақзи ҳуқуқи башар, муборизаи шахсиятҳои ҷудогона, мушкилоти ақаллиятҳо барои ҳуқуқашон метавонад дар ҳалли ин масоъил мусоъидат кунад.

Тарихи ҷашнвора аз соли 1994 оғоз мешавад ва аз соли 1996 дар баробари Ню-Йорки ИМА боз дар Лондон, пойтахти Британия, низ доир мегардад. Раиси бахши Аврупо ва Осиёи марказии ин созмон Райчел Денбер мегӯяд: “Ҷашнвораи байнулмилалии филмҳои “Human Rights Watch” аз маҷмӯъи 16 филм иборат мебошад ва созмони мо онҳоро тақрибан аз ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳон ҷамъ овардааст. Аксари филмҳо ба мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон робита мегиранд. Баъзеаш филмҳои мустанад ва баъзеҳояш ҳунариянд. Онҳоро як чиз муттаҳид мекунад: дар ҳамаи онҳо муборизаи мардум барои ҳуқуқи инсонии худ намоиш дода мешавад ва ҳадафи ин наворҳо огоҳонидани дигарон ва кӯшиши барангехтани садои ҳамдилӣ бо қурбониёни беадолатӣ мебошад”.

Дар давоми рӯзҳои баргузории ҷашнвора (13 – 26-уми июн) 16 филми мустанаду бадеӣ ба маърази намоиш гузошта мегардад. Ҷуғрофиёи филмҳо мухталиф аст. Дар ин ҷо маҳсули кории синемогарон аз ИМА мавсум ба “Беадолатии амрикоӣ” дар бораи нақзи ҳуқуқи аҳолии бумии ин кишвар, филми муштараки коргардонони амрикоӣ ва кениёӣ “Макони ҳуқуқбунёд”, навори ҳунарӣ аз Бразилия “Рафтори хуб дошта бош” роҷеъ ба шароити буду боши зиндониёни ноболиғ, филми муштараки филмсозони Лаос ва Амрико “Хиёнат” дар бораи 23 соли як оилаи лаосӣ, ки аввал аз ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан аз зиндагӣ дар хиҷрат азият мекашад, ба намоиш гузошта шудааст.

Як навори дигар ки “Паёме ба Анна” унвон шудааст ба рӯзноманигори рус Анна Политковская бахшида шудааст. Яке аз сармоягузорони ин филм Кумитаи дифоъ аз журналистон (созмони ғайридавлатии байнулмилалӣ, Ню-Йорк) мебошад. Сарвари бахши Аврупо ва Осиёи марказии ин созмон Нина Огнянова дар робита ба ин филм мегӯяд: “Мо ва созмони «Human Rights Wаtch» сармоягузори филми “Паёме ба Анна” мебошем. Коргардони ин филми мустанад синемогари суисӣ Эрик Бергкрауд аст. Филм дар асоси мусоҳибаҳои Эрик бо Анна ва дӯстону наздикони ӯ наворбардорӣ шудааст. Дар маҷмӯъ филм як нигоҳе ба зиндагиву фаъолияти Анна Политковская, чун як журналист, модар, дӯст ва шаҳрванди фаъол мебошад. Эрик на танҳо бо Анна ҳамкорӣ мекард, балки аз дӯстони наздикаш маҳсуб мешуд”.

Анна Политковская, хабарнигор-шореҳи рӯзномаи “Новая Газета” ва, аз мунаққидони аслии раисҷумҳури пешини Русия Владимир Путин ба шумор мерафт. Ин зани ҷасур 7-уми октябри соли 2006 аз ҷониби ашхоси номаълум кушта шуд ва Эрик Бергкрауд, ки бо ӯ аз соли 2005 ҳамкорӣ мекард, кӯшиш кардааст бозҷӯии мустақили худро анҷом дода, қотилони эҳтимолии Аннаро ошкор кунад.

Райчел Денбер аз созмони «Human Rights Wаtch» гуфт, ҷашнвораи филмҳои онҳо нахуст танҳо дар Ню-Йорк доир мегашт, аммо дар айни ҳол баъд аз ба поён расидани он дар инҷо филмҳои ҷашнвора дар бузургтарин шаҳрҳои Амрико ва Аврупо пешкаши таваҷҷӯҳи тамошобинон хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр, ҷашнвора мақомашро иваз карда, ба намоишгоҳе мубаддал гаштааст, ки ҳамеша дар ҳаракат аст ва ба ҳамин хотир ҳам, шумораи зиёди тамошобинон дар саросари ҷаҳон аз корҳои он бохабаранд.
XS
SM
MD
LG