Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати баландпояи НАТО ба Киев


Шӯрои НАТО, ниҳоди тасмимгирандаи Паймони Атлантикаи Шимолӣ имрӯз қарор аст дар Киев, пойтахти Украина барои ташкили як ҷаласа бо мақомоти ин кишвар гирди ҳам меоянд. Барои ширкат дар ин нишаст Дабири кулли НАТО Яап Де Ҳуп Скеффер ва намояндаҳои дигар 26 давлати узви ин паймон ба Киев парвоз кардаанд. Вазири хориҷаи Украина Володимир Оҳрижко ва вазири дифоъ Юрий Ехануров ҳам дар кори ин нишаст иштирок хоҳанд кард. НАТО мегӯяд, ки ҳайати ин ниҳод ҳамчунин дар ҷаласаи мушовараи Шӯрои амният ва дифои миллии Украина, ки бо иштироки раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко ва нахуствазир Юлия Тимошенко баргузор мешавад, ҳозир хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG