Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ҳайрон аст


Вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар Люксембург барои баррасии роҳҳои бархӯрд бо тасмими Ирландия роҷеъ ба адами қабули аҳдномаи ислоҳоти Лиссабон ташкили ҷаласа мекунанд. Раъйдиҳандагон дар Ирландия, танҳо кишваре, ки дар заминаи ин паймон раъйпурсӣ гузаронидааст, қабули онро бо 53 фоизи овозҳо напазируфта ояндаи паймонро зери суол бурдааст. Паймони мазкур наметавонад ба ҳукми иҷро дарояд, то ин ки ҳамаи 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо онро напазиранд. Қарор аст, баррасии паймони мазкур дар меҳвари музокироти раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ дар Прага бо раҳбарони Ҷумҳурии Чех, Маҷористон, Словакия ва Лаҳистон қарор хоҳад гирад. Мулоқоти мазкур дар пешорӯи вогузоршавии ваколатҳои раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупо ба ӯҳдаи Фаронса баргузор мешавад. Паймони Лиссабон тақвияти мавқеи раҳбарии Иттиҳодияи Аврупоро дар назар гирифта пешбурди фаъолияти сохторҳои ин ниҳодро дар пешорӯи тавсеаи бештар ба самти шарқ ҳадафи худ қарор додааст.
XS
SM
MD
LG