Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Amnesty International аз кишварҳои сарватманд


Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International гуфт, ки давлатҳои сарватмандтарини ҷаҳон масъулияти худро дар баробари милёнҳо муҳоҷирони ироқӣ нодида мегиранд. Ин гӯрӯҳи мудофеи ҳуқуқи башар, ки дар Лондон мустақар аст, мегӯяд, ки вазъи муҳоҷирони ироқӣ бо ҳама масоили мисли одамрабоиву шиканҷа, бадрафтории ҳамарӯза нисбаташон вахиму тарснок боқӣ мемонад. Ҷомеаи байналмилалӣ кореро барои кӯмак ба онҳо анҷом намедиҳад ва ё ин кӯмакҳои онҳо ночиз аст, мегӯяд Афви байнулмилал. Баъди ҳуҷуми нирӯҳои амрикойӣ ба Ироқ 5 соли пеш то имрӯз, тибқи нишондодҳои Комиссиюни олии СММ дар умури паноҳандагон, 4,7 миллион берун аз хоку ватани худ сарсону саргардон мебошанд.

XS
SM
MD
LG